Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Рустами Эмомалӣ ба сокинони пойтахт: ба мақомот кумак кунед

Шаҳрдори Душанбе шаҳрнишинонро фаро хондааст бо фиристондани пешниҳодҳои худ дар ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ ва роҳандозии Барномаи рушди иҷтимоъиву иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025 саҳмашонро бигзоранд

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми шаҳрдории Душанбе, пойтахтнишинон метавонанд пешниҳодҳои худро ҷиҳати ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шаҳрдорӣ ирсол кунанд.

"Хоҳишмандем фикру мулоҳизот ва пешниҳодҳои созандаву офаринандаи худро ба Гурӯҳи корӣ бо роёнишонии barnoma2025@mail.ru бифристед ва ё бо телефони 987-96-00-00 тамос бигиред", — омадааст дар хабарнома.

Манбаъ меафзояд, ки Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025 дар ҳоли таҳия шудан аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала