Толибон вулусволии Қалъаи Зол дар марз бо Тоҷикистонро гирифт

Мақомоти маҳаллии вилояти Кундуз мегӯянд, ки бомдоди имрӯз дар паи даргирӣ миёни Толибон ва нерӯҳои давлатии Афғонистон ноҳия ё вулусволии Қалъаи Зол дар марз бо Тоҷикистон ба дасти ҳаросафканон уфтод

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Ҷангҷӯёни гурӯҳи ҳаросафкани "Толибон" вулусволии Қалъаи Золро, ки бо ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён ва Шаҳритус дар вилояти Хатлон ҳаммарз аст, аз нерӯҳои ҳукумати Афғонистон ситондаанд.

Асадуллоҳ Содот, узви Шурои вилоятии Кундуз, гуфтааст, ки имрӯз субҳ вулусволии Қалъаи Зол комилан ба дасти Толибон афтод.

Вай афзуд, ки се посгоҳи амниятӣ дар ин вулусволӣ дар муҳосираи Толибон қарор дошт, ки нерӯҳои амниятӣ тавонистанд муҳосираи дутояшонро бишикананд, вале нерӯҳои посгоҳи севум ба дасти Толибон асир шуданд ва то кунун дониста нест ки сарнавишташон чи шуда аст.

Содот ҳамчунин гуфт, ки дар паи даргириҳо дар ин вулусволӣ даҳҳо хонавода беҷо шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала