Собиқадорони ҷангро ба Иди ғалаба роҳ надоданд

© SputnikСобиқадори ҷанг Леокадия Ковтун, Душанбе
Собиқадори ҷанг Леокадия Ковтун, Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар маросими Иди ғалаба собиқадорони ҶБВ маҷбур шуданд, ки дар назди даромадгоҳи “Боғи ғалаба” нишинанд, ба онҳо гуфтанд, ин гуна дастур аз ҷониби шаҳрдории Душанбе дода шудааст

ДУШАНБЕ, 9 мая — Sputnik, Сергей Кузнетсов. Даҳ нафар куҳансарбозро аз чор ноҳияи Душанбе ба маросими тантанавӣ ба  "Боғи ғлаба" роҳ надоданд.

Иштирокдорони ҶБВ маҷбур шуданд, ки дар даромадгоҳи "Боғи ғалаба" нишинанд.

Чуноне ки Светлана Рагулина- набераи яке аз собиқадорон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, чорабиниии тантанавӣ соати 9:00 оғоз ёфт, аммо куҳансарбозон, тибқи маслиҳати пештараашон аллакай соати 8:00 дар нази дари боғ ҳозир шуда буданд.

"Сахт дар ҳайрат мондем! Ба собиқадорон як ҷавоби кутоҳ доданд- ин гуна дастурро шаҳрдории Душанбе додааст.  Чӣ дастур, дар бораи чӣ мо фаҳмида натавонистем.  Куҳансарбозонро бо яктогӣ самбуса меҳмондорӣ карданду ба хонаашон гусел намуданд. Ин табрикоти онҳо буд",- мегӯяд Рагулина.

Бибии вай — Леокадия Ковтун дар синни 14 солагӣ ба сифати кошиф (разведкачӣ) ба ҷанг фиристода шуда буд. Вай аз ҳама собиқадори ҷавонтарини Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

"Ба ин гуна муносибати онҳо бибиам сахт ранҷид.  Намедонем, ки дигаронро то омадани мо роҳ доданд ё не.  Аммо бибиамро намонданд, ки ба чорабинӣ дарояд. Вай ба онҳо мефаҳмонид, ки ба  маросим даъват карда шудааст ",- мегӯяд набераи собиқадори ҷанг.

Ба Sputnik Тоҷикистон расман ин хабарро шаҳрдорӣ тавзеҳ надодааст.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар "Боғи ғалаба"- и пойтахт бахшида ба 72-умин солгарди Рӯзи ғалаба чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд.

Дар маросими тантанавии имрӯза бахшида ба Рӯзи ғалаба дар назди оташи ҷовидон гулчанбар гузошта шуд, ба хотири қурбониёни ҷанг дақиқаи хомӯшӣ эълон гардид ва дар анҷом гузашти низомӣ барпо шуд.
Лентаи хабарҳо
0