Дидори Трамп ва Лавров дар Кохи Сафед

Обуна шудан
Вазири умури хориҷаи Русия дар сафар ба Амрико бо раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Доналд Трамп дидор мекунад

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров имрӯз дар Кохи Сафед бо раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп дидор карда дар бораи Сурия ва дигар масоъили байналмилалӣ гуфтугӯ хоҳад кард.

Пештар эълом шуда буд, ки вазири умури хориҷаи Амрико Рекс Тиллерсон ва Сергей Лавров дар дидорашон буҳрони Сурияро баррасӣ хоҳанд кард. Ин дидор дар чорчӯби талошҳои тоза ба раҳбарии раисҷумҳури Русия Владимир Путин барои эҷоди манотиқи амн дар Сурия баргузор хоҳад шуд.

Вазоратҳои хориҷаи Русия ва Амрико бо интишори баёнияҳое эълом карданд, ки Лавров ва Тиллерсон пас аз дидор дар Вашингтон ҳамчунин дар нишасти Шурои Қутби Шимол низ ширкат хоҳанд кард, ки 11 май дар Аляска баргузор мешавад.

Вазорати умури хориҷаи Амрико эълом карда, ки Тиллерсон қасд дорад дар дидор бо Лавров дар бораи талошҳо барои эҷоди манотиқи ором дар Сурия, таъмини кумакҳои башардӯстона барои мардуми ин кишвар ва фароҳам кардани заминаи ҳалли сиёсии буҳрони Сурия гуфтугӯ кунад.

Лентаи хабарҳо
0