Эмомалӣ Раҳмон Ҳошим Гадоевро “Арбоби ҳунари Тоҷикистон” унвон дод

Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунарпеша ва коргардони Театри Абулқосим Лоҳутӣ Ҳошим Гадоев унвони ифтихории "Арбоби ҳунари Тоҷикистон"-ро тақдим кард

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи дафтари матбуоти раисҷумҳур ин унвони ифтихориро Эмомалӣ Раҳмон дар зодрӯзаш, имрӯз 10 май ба Ҳошим Гадоев тақдим кард.

Ҳошим Гадоев беш аз 50 сол аст, ки дар рушду нумуъи ҳунари тоҷик, офаридани асарҳои баландмазмун дар саҳнаҳои театр ва кино маҳбуби натанҳо мардуми тоҷик, балки дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамчун ҳунарманди камназиру нотакрор муаррифӣ гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала