Гулу гиёҳи Тоҷикистонро дар Эрон намоиш медиҳанд

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкВесенний цветочный базар
Весенний цветочный базар - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шонздаҳумин Намоишгоҳи байналмилалии гулу гиёҳи Машҳад бо ҳузури намояндагоне аз чанд кишвар дар маҳалли доимии Намоишгоҳи байналмилалии маркази устони Хуросони Разавии Эрон баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Дар ин намоишгоҳ 450 ширкату 650 ғурфа ва дар фазое ба масоҳати 20 ҳазор метри мураббаъ гулу гиёҳу фаровардаҳои вобастаро пешниҳоду намоиш медиҳанд.

Ба гузориши хабаргузории ParsToday, дар ин намоишгоҳ афзун бар гулпарварони эронӣ, ширкатҳое аз кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Нидерланд, Туркия, Туркманистон, Чин, Озарбойҷон ва Индонезия низ гулу гиёҳашонро арза кардаанд.

Шонздаҳумин Намоишгоҳи гулу гиёҳи Машҳад аз 8-ум то 12-уми май дар маҳалли доимии Намоишгоҳҳои байналмилалии Машҳад бар по аст.

Лентаи хабарҳо
0