Тоҷикистон бо Маврикия равобити сиёсӣ роҳ андохт

© Фото : Министерство иностранных дел РТПодписание Заявления об установлении дипломатических отношений между РТ и Республикой Маврикий.
Подписание Заявления об установлении дипломатических отношений между РТ и Республикой Маврикий. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маросими имзои баёнияи муштараки роҳандозии равобити сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Маврикия дар Ню-Йорк баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Маврикия 10 май равобити диплумотӣ барқарор карданд.

Бино ба иттилоъи дафтари иттилоърасонии Вазорати умури хориҷаи ҶТ, маросими имзои Баёнияи муштараки роҳандозии равобити сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Маврикия 10 май дар Ню-Йорк баргузор шуд.

Баёнияи муштаракро аз ҷониби Тоҷикистон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва аз ҷониби Ҷумҳурии Маврикий Намояндаи доимии он кишвар дар СММ Ҷагдиш Дҳарамчанд Кунҷул имзо карданд.

Маврикия кишваре ҷазираӣ дар ҷануби ғарбии уқёнуси Ҳинд аст, ки дар нӯҳсадкилуметрии шарқи ҷазираи Мадагаскар ҷой дорад. Пойтахи он шаҳри Порт-Луис аст. Қаламрави ин кишвар ҷазираҳои Маврикӣ, Родригес, Агалега ва галаҷазираҳои Каргадос-Карахосро дар бар мегирад.

Ҷазираҳои Маврикия ё Мурисро, ки ҳамакнун яке аз беҳтарин истироҳатгоҳҳои ҷаҳон шумурда мешаванд, дар оғози садаи 16 м. португалиҳо боз ёфта буданд. Он ҷазираҳо ҳарчанд маскунӣ набуданд, вале борҳо миёни Пуртуғол, Ҳуланд, Фаронса ва Бритониё даст ба даст шудаанд. Маврикия дар соли 1968 кишвари мустақил дар таркиби Иттиҳодияи Бритониё эълом шуд ва соли 1992 низоми ҳукумати ҷумҳурӣ дар он барқарор шуд.  

Лентаи хабарҳо
0