Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Марди тоҷик дар Маскав бо иттиҳоми таблиғи теруризм дастгир шуд

© Sputnik"Одноклассники", акс аз бойгонӣ
Одноклассники, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрванди ҶТ дар саҳифаи иҷтимоии “Одноклассники” бо мақсади рамсман даъват кардан ба амалиёти террористӣ ва тавҷеҳи амалиётҳои терористии ДОИШ аксгузорӣ мекард

ДУШАНБЕ, 12 мая — Sputnik. Дар шаҳри Балашихаи вилояти Маскав як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шуд.

Бино бар гузориши РИА Новости, мард  дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ ақидаҳои ташкилоти теруристии "Давлати исломӣ" (ДОИШ, мамнӯъ дар Тоҷикистон)-ро тарғиб мекардааст.

"Нисбати шаҳрванди  36-солаи Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ  бо ҷурми  "даъвати ошкоро ба хотир ба амал овардани амалиётҳои терроритӣ ва ё расман  тавҷеҳи теруризм ба воситаи истифодаи расонаҳо" боз шудааст",- омадааст дар гузориш.

Қайд карда мешавад, мард дар вагони сохтмонӣ зиндагӣ мекард ва ба воситаи саҳифаи худ дар "Одноклассники"  ба хотири таблиғи ақидаҳои ташкилоти террористии ДОИШ аксҳои таблиғотӣ ҷой медодааст.

Ҳоло шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ва дар вақти бозпурсӣ ба ҷурми худ иқрор шудаст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала