Тоҷикистон Рӯзи Шашмақомро бо консерт бузург дошт

Обуна шудан
НовостиTelegram
Ба муносибати Рӯзи Шашмақом шоми 11 май дар Театри Садриддин Айнӣ дар Душанбе ва 12 май дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Конибодом барномаҳои консертии шашмақом баргузор шуданд
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Дар барномаи консертие, ки дар Театри операву балети Садриддин Айнӣ баргузор шуд, ҳунарпешаҳои Академияи мақоми Тоҷикистон, ансамбли "Шашмақом" аз Филармонияи давлатии Акашариф Ҷӯраев, донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва ҳунардӯстон аз ноҳияи Рӯдакӣ ширкат намуданд.
Гурӯҳҳои рақсии "Лола", "Зебо" ва "Базморо" бо рақсҳои дилошӯби худ зери оҳанги тасхиркунандаи "Шашмақом" ба ҳусни чорабинӣ ҳусни дигар зам карданд.

Чуноне ки хадамоти матбуотии Вазорати фарҳанги ҶТ хабар медиҳад, шоми 12 май дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Конибодом низ ба муносибати Рӯзи Шашмақом барномаҳои консертии шашмақом баргузор шуданд.

Ёдоварӣ мекунем, ки 12 май бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Шашмақом дар Тоҷикистон муқаррар шудааст.

Консерт бахшида ба Рӯзи Шашмақом. Саҳифаи расмии маркази матбуотии Дафтари раисҷумҳур - Sputnik Тоҷикистон
Таҷлил аз Рӯзи Шашмақом дар Душанбе

Ҳамчунин Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Миллали Муттаҳид — ЮНЕСКО 7 ноябри соли 2003 «Шашмақом»-ро шоҳкории бузурги мусиқии ҷаҳонӣ ва ёдгории маънавии башар эълон кард.

Лентаи хабарҳо
0