Толибон ба ҷони Атомуҳаммад Нур суъиқасд кард

© REUTERS / StringerAn Afghan security vehicle advances towards the city of Kunduz, Afghanistan September 30, 2015
An Afghan security vehicle advances towards the city of Kunduz, Afghanistan September 30, 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ҷангҷӯёни гурӯҳи ҳаросафкани "Толибон" дар Бағлон ба ҷони волии Балх Атомуҳаммад Нур суъиқасд карданд

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Ҷангҷӯёни "Толибон" корвони худравҳои волии Балх Атомуҳаммад Нурро дар қаламрави вилояти Бағлон ҳадаф гирифтаанд.

Чуноне ки хабаргузории "Ово" хабар медиҳад, Атомуҳаммад Нур дирӯз аз Мазори Шараф ба Кобул мерафта, ки дар нимароҳ гурӯҳе аз Толибон бар корвонаш ҳамла кардаанд.

Сухангӯи пулиси вилояти Бағлон Забеҳуллоҳ Шуҷоъ гуфта, ки нерӯҳои амниятии вилояти Балх, ки Нурро ҳамроҳӣ мекардаанд, ҳамлаи ҳаросафканонро хунсо карда, панҷ толибро куштаву захмӣ кардаанд.

Атомуҳаммад Нур ва ҳамроҳонаш дар ин суъиқасд осеб надидаанд.  

Лентаи хабарҳо
0