Ҳамла ба корманди КДАМ дар шаҳри Кӯлоб

© SputnikМашина скорой помощи
Машина скорой помощи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Афсари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Муҳиддин Юлаев рӯзи гузашта зери ҳамлаи шахсони номаълум қарор гирифт. Пизишкон аҳволи саломатии ӯро махсусан вазнин гуфтаанд

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Бино бар гузориши расонаҳои маҳаллӣ дар Кӯлоб яке аз кормандони КДАМ Муҳиддин Юлаев зери ҳамлаи касони номаълум қарор гириф. Ҷиноятпешагон номбурдаро чанд зарба бо корд заданд.

Бино ба гузоришҳо,  ҳодиса шаби 13-уми май руй додааст. Гумонбарон баъд аз даст задан ба ҷиноят аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

"Ҳамла ба афсари 25-солаи кумитаи амният дар назди хонаи вай —  маркази шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ ба амал омад. Ҷабрдида ба беморхона интиқол дода шуда, табитбон аҳволи беморро махсусан вазнин баҳо медиҳанд",- омадаст дар хабар.

Ҳоло дар шаҳр амалиёти муштараки кормандони КДАМ ва ВКД барои дастгир намудани гумонбаршудаҳо анҷом дода мешавад.

Лентаи хабарҳо
0