Что, Где, Когда?: донишҷӯёни тоҷик дар Маскав зиракии якдигарро санҷиданд

© Фото : Посольство Таджикистана в РоссииИгра "Что? Где? Когда?"
Игра Что? Где? Когда? - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Донишҷӯёни тоҷик дар Русия ҳозирҷавобии ҳамдигарро дар бозии Что, Где, Когда? санҷиданд

ДУШАНБЕ, 16 мая — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз мусобиқаи зеҳнии донишҷӯёни тоҷик дар Маскав хабар медиҳад.

Бозии интеллектуалӣ ба муносибати  Соли ҷавонон ва 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ гузаронида шуд.

Дар сабқати зеҳнӣ донишҷӯёни донишгоҳҳои бонуфузи Русия-Донишгоҳи давлатиии Маскав ба номи М.В. Ломоносов, Донишгоҳи дӯстии халқҳо, Донишгоҳи муносибатҳои байнулмилалии Маскав, Донишгоҳи ба номи Г. В. Плеханов ва Донишгоҳи иқтисодии Русия ширкат карданд.

© Фото : Посольство Таджикистана в РоссииИгра "Что? Где? Когда?"
Игра Что? Где? Когда? - Sputnik Тоҷикистон
Игра "Что? Где? Когда?"

"Дар бахши ниҳоии сабқат дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов мақоми аввалро ба даст овард".

Ба ғолибон Кубоки созмони донишҷӯёни тоҷик дар хориҷ супорида шуд.

Ҷои дуюм насиби дастаи донишҷӯёни донишгоҳи дӯстии халқҳо шуд. Ҳамаи ширкаткунандгон бо ифтихорномаҳои сафорати Тоҷикистон дар Русия қадрдонӣ шуданд.

Сабқати зеҳнӣ аз ҷониби Созмони донишҷӯёни тоҷик дар хориҷ ташкил карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0