Ду медали тиллои паҳлавонони тоҷик ва миннатдорӣ ба Мавзуна Чориева

Паҳлавонони тоҷик - Акбар Пирназаров ва Диловар Зайниддинов дар Маскав ду медали тилло ба даст оварданд

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Дар Маскав 4 — умин сабқати кушоди Русия оид ба таэквандо (ВТФ) баргузор шуд.

Дар ни сабқат размикорони тоҷик низ ширкат карданд.

Бино ба иттилоъи раиси Федеросюни таэквандо Манучеҳр Хуморов дар сабқат варзишгарон дар вазнҳои мухталиф қувва озмуданд.

"Варзишгарони тоҷик ду медали тилло ба даст оварданд",- гуфт ӯ.

Мутриба Ҳотамӣ ғолиби озмуни Зеботарин шоҳмотбоз - Sputnik Тоҷикистон
Ду мусобиқа, ду медал: ғолибияти Мутриба Ҳотамӣ дар Эрон

Медалҳои тилло насиби Акбар Пирназаров (58 кг) ва Диловар Зайниддинов (+ 80 кг) шуданд.

Ба Мавзуна Чориева  ва Ҷон Чонг Фи барои дастгирии варзишгарон изҳори миннатдорӣ карда шуд.

Дар ин росто варзишгарони тоҷик ҳамчунни дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба таэквандо, ки дар  шаҳри Алмаато бахшида ба варзишгари номдор ва касбӣ-Исатой Кабеков баргузор шуд, ширкат карданд.

Дар сабқат варзашграони синну солашон аз 5 то 17 сола ҳаққи ширкат доштанд. Манбаъ афзуд, ки дар умум дар мусобиқа беш аз 500 варзишгар байни ҳам рақобат карданд. Мунтахаби таэквандои Тоҷикистон низ яке аз фаъолтарин ширкаткунандагон буд.

Аз Тоҷикистон Ойбек Шамаев (24 кг), Боймуҳаммад Содиқов (33 кг), Ҳасан Абдукаромов (33 кг), Шӯҳрат Холов (51 кг), Алишер Сафаров (63 кг), Шеравган Маллаев (+63 кг) қувваозмоӣ каданд.

Дастаи таэквандочиёни Тоҷикистон ду медали биринҷӣ бадаст оварданд. Соҳибони медалҳо Шеравган Маллаев ва Алишер Сафаров мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала