Маҳмадсаид Убайдуллоев қонунгузоронро муттаҳам ба қонуншиканӣ кард

© Sputnik Амир ИсаевМахмадсаид Убайдуллоев, архивное фото
Махмадсаид Убайдуллоев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон аз риоя нашудани қонуни танзими маросим нигаронӣ кард ва аз соҳибмансабон хост нисбат ба рухдодҳои кишвар беэътино набошанд

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи имрӯзи Маҷлиси Миллии Тоҷикистон дар баррасии масъалаи ислоҳи қонуни танзими ҷашну маросим аз камкории соҳибмансабон ва масъулини давлат дар иҷрои ин қонун интиқод кард.

Раиси Маҷлиси Миллӣ ёдоварӣ кард, ки ин қонун даҳ сол пеш тасвиб шуда, вале ҳануз ҳам муқаррароташ пурра иҷро намешаванд. Вай вакилони Маҷлиси Миллиро муваззаф кард бо интихобкунандгон дар ҳавзаҳои интихоботӣ дидор карда назарашонро дар бораи иҷрои ин қонун бипурсанду ба маҷлис пешниҳод кунанд.

Убайдуллоев гуфт, ки дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки чунин қонуне ҷорӣ кардаанд, бархе аз муқаррароташон бисёр хуб иҷро мешаванд.

"Вале дар Тоҷикистон иҷрои ин қонун бо мушкилот дучор шуда ва муқаррароташ ҳамвора нақз мешаванд. Ин масъаларо, ки чаро қонун иҷро намешавад, бояд рафту дар маҳалл пайгирӣ кард, ки чаро чунин аст?", — гуфт вай.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бетафовутиву беэътиноии соҳибмансабону масъулинро далели аслии иҷро нашудани муқаррорти ин қонун донист.   

Вай гуфт, соҳибмансабон бояд худашон намунаи ибрат барои мардум мешуданд: "Ҳарчанд гуфтем, ки биёед худамон намунаи ибрат шавем, нашуд".

Гуфтанист, ахиран раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ аз қонуншикании соҳибмансабон нигарон шуда ва чанд тан аз масъулинро барои нақзи қонуни танзими ҷашну маросим аз симат барканор кардааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала