Энержӣ ва ларзашиносӣ: заминаҳои ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон

© Фото : Торгово-Промышленная палата РТПредседатель ТПП РТ Шариф Саид встретился с руководящим составом Ассоциации дружбы Таджикистана и Японии по культурно-экономическим вопросам, архивное фото
Председатель ТПП РТ Шариф Саид встретился с руководящим составом Ассоциации дружбы Таджикистана и Японии по культурно-экономическим вопросам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Ҷопон бар аҳамияти густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои ларзашиносӣ, заминшиносӣ, обшиносӣ, нерӯи барқ ва фанновариҳои иттилоъотӣ таъкид карданд

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Раиси Утоқи бозаргониву саноеъи Тоҷикистон Шариф Саид ва намояндагони Анҷумани дӯстиву ҳамкориҳои фарҳангӣ-иқтисодии Тоҷикистону Ҷопон дар мулоқоте дар Душанбе бар аҳамияти густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои ларзашиносӣ, заминшиносӣ, обшиносӣ, нерӯи барқ ва фанновариҳои иттилоъотӣ таъкид карданд.

Ҳамрохон Зарифӣ ва Казуаки Кавабата - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориҳои илмиву фанниро густариш медиҳанд

Ба гузориши равобити умумии УБС ҶТ, Шариф Саид дар ин дидор гузорише аз раванди иҷрои тарҳҳои муҳими иқтисодӣ ва барномаҳои давлати Тоҷикистон дар заминаи тавсеъаи бахшҳои энержӣ, саноеъи кимиёӣ, истихроҷи конҳо, таробарӣ, роҳсозӣ, кишоварзӣ, дорусозӣ ва бунёди ширкатҳои муштарак бар пояи манобеъи табиъии Тоҷикистон ва сармояи хориҷӣ ироя кард.

"Тоҷикистон хоҳони густариши ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ ва фаннӣ бо Ҷопон ва омӯхтани тарҷрубаи ғании ин кишвар ва роҳандозии равобити созанда миёни ду миллат аст. Бунгоҳҳои иқтисодии Тоҷикистон хостори рушду тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Ҷопон ҳастанд", — гуфт раиси УБС ҶТ.

Леонид Лобковский - Sputnik Тоҷикистон
Пажӯҳишгар: ҷопониҳо заминларзаро пешгӯӣ хоҳанд кард

Дар ин мулоқот тарафи тоҷикӣ пешниҳод кард Ҷопон намоишгоҳи колоҳои санъатии худро дар Душанбе баргузор кунад.

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопон феълан дар як тарҳи парвариши гиёҳи ширинбаён дар вилояти Хатлон хулоса мешаванд. Вале қарор аст, ки ин тарҳ бо сармоягузории Бунгоҳи тавсеъаи байналмилалии Ҷопон (JICA) густариш дода шавад.    

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала