Тавсифи кишвардори Миср аз шахсият ва талошҳои Эмомалӣ Раҳмон

Шоми дирӯз, 20 май раисҷумҳури Тоҷикистон бо президенти Миср Абдулфаттоҳ ас-Сиси мулоқот кард. Президенти Миср дар рафти мулоқот ба қобилияти сулҳоварии Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, гуфт: "мо ба шахсият ва талошҳои ибратбахши шумо эҳтироми хос дорем"

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Миср мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот изҳор дошт, ки мо ба густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ назари нек дорем ва Мисрро яке аз кишварҳои меҳварӣ дар минтақа медонад.

"Президенти Миср Абдулфаттоҳ ас-Сиси дар рафти мулоқот ба қобилияти сулҳоварию пешвоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон баҳои баланд дода,  аз ҷумла изҳор дошт: "мо ба шахсият ва талошҳои ибратбахши шумо эҳтироми хос дорем",-омадааст дар хабарнома.

Прилёт в Уфу Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ рафт

Ҳарду ҷониб зарурати беш аз пеш фаъол намудани Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмиро таъкид намуданд.

Бо назардошти захираҳои фаровони обӣ ва гидроэнергетикии Тоҷикистон ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ дар ин соҳа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Бо ёдоварӣ ба зарарҳои ба ҳам монанде, ки ҳарду кишвар аз терроризму ифротгароӣ, сиёсатҳои дугона ва дахолатҳои хориҷӣ дар таъхири муосири худ  рӯй ба рӯй шудаанд, ҳарду ҷониб ба табодули маълумоти махсус ва таҷрибаи фаъолияти зиддитеррористии ҳамдигар изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои худ Абдулфаттоҳ ас-Сиси даъват намуданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон биёяд. Бино ба иттилоъи манбаъ даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала