Дар бемористони шаҳри Исфара бори аввал таҷҳизоти эндовидеоҷарроҳӣ насб гардид

© Фото : Иқбол ТешаевДар бемористони шаҳри Исфара бори аввал таҷҳизоти эндовидеоҷарроҳӣ насб гардид
Дар бемористони шаҳри Исфара бори аввал таҷҳизоти эндовидеоҷарроҳӣ насб гардид - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар бемористони марказӣ ба истифода аз ин таҷҳизот дар давоми як ҳафта 10 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст

ДУШАНБЕ, 22 май- Sputnik. Чуноне ки котиби матбуотии шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, бори аввал дар яке аз бемористонҳои шаҳри Исфара таҷҳизоти эндовидеоҷарроҳӣ насб карда шуд.

Тибқи иттилои манбаъ,  ду нафар мутахассисони варзидаю маъруфи соҳа —кормандони Беморхонаи клиникии Ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе, номзадҳои илми тиб мудири шуъбаи эндоҷарроҳӣ Холов Қурбоналӣ Раҳмонович ва ҳам Комилов Ғафурҷон Толибович тайи ду рӯз ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дода, зимнан таҷҳизоти муосири эндовидеоҷарроҳии тамғаи Оптимедро дар Беморхонаи марказии шаҳр васлу насб ва барои истифодабарӣ омода намуданд.

Баъди насби таҷҳизот дар давоми як ҳафта 10 амалиёти ҷарроҳӣ ба анҷом расонида шуд.

Бино ба гузориши манбаъ дар ин шаҳр дар давоми як соли охир бо иқдому мусоидат- сардухтури Беморхонаи марказии шаҳр Таибиддин Муҳамедов ва ҳамдастии соҳибкорони муваффақ дар заминаи силсилаиншоотҳои тозабунёди хиёбони Исмоили Сомонии марказии шаҳр Маркази муосири ташхисии тибби оилавӣ ва ҳам нуқтаи гиёхдармонӣ ташкил карда шуд.

Ҳамчунон дар дигар минтақаҳои шаҳр, бинои навбунёд-  шӯъбаи ҷарроҳӣ дар Беморхонаи минтақавии деҳоти дурдасти Ворух, бо 35 адад таҷҳизоту лавозимоти муосири ҷарроҳӣ ба истифода дода шудааст.

Ба гуфтаи котиби матбуотӣ, танҳо дар давоми соли 2016дар шаҳри Исфара дар доираи амалигашти 12 лоиҳаи дар "Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017" ба нақша гирифташуда ва ҳам дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Барномаи шаҳрии "Соли 2016- соли фарди солим" таъмири шуъбаҳои асабшиносӣ ва осебшиносӣ, амрози дил, ҷарроҳии калонсолон, шӯъбаи ҷарроҳии хурдсолон, шӯъбаи бавлияшиносӣ, таъмири хати обу ташноби беморхона ва ҳуҷраҳои қабули шӯъбаҳои сироятӣ, дар маҷмўъ бунёд ва таъмиру азнавсозии 15 иншоотҳои соҳаи тандурустии шаҳр анҷом дода шуд.

Лентаи хабарҳо
0