Шурои уламои Тоҷикистон оғози моҳи Рамазонро эълом кард

Имруз Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҷаласаи навабатии худро баргузор кард. Дар он раёсати динии кишвар масоили оғози моҳи Рамазон, додани закоту фитр ва хондани намози таровеҳ баррасӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Чуноне ки котиби Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Хайрулло Саидов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ҷаласаи ин ниҳод имрӯз баргузор гардид ва дар он уламо масоили оғози моҳи Рамазон, додани закоту фитр ва хондани намози таровеҳро баррасӣ карданд.

Дар паи ин ҷаласа Шурои уламо ҳамчунин тақвими моҳи рамазонро мунташир кард, ки бар асоси он моҳи шариф дар Тоҷикистон аз 27-уми май оғоз меёбад.

"Моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон имсол аз рӯзи шанбе, 27-уми май шуруъ мешавад. Ин қарор имрӯз дар ҷаласаи Шурои уламои Тоҷикистон қабул карда шуд", — гуфт Хайрулло Саидов.

Рустами Эмомали, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ дар моҳи шарифи Рамазон бозорҳои Душанберо ғанӣ мегардонад

Ба гуфтаи вай, дар ҷаласа ҳамчунин фатвои закот низ бароварда шуд.

Мувофиқи он, закотро бояд онҳое диҳанд, ки дорои 22 ҳазору 950 сомонӣ маблағ бошанд.  Аз ин миқдор 575 сомонӣ барои супоридани ҳаққи закот бояд ҷудо шавад.

Ҳаҷми фитр дар соли равон 5 сомонӣ муайян карда шудааст.

"Мувофиқи шариати ислом касоне, ки тавони гирифтани рӯзаро надоранд — пиронсолону занони обастан ва дардмандони бедармон, бояд ба ниёзмандон 300 сомонӣ фидяи савм диҳанд", — афзуд вай.

Намози таровеҳ аз шаби 26-уми май шуруъ шуда,  то 24-уми июн дар масҷидҳои ҷомеъи кишвар хонда мешавад.

Дар Русия низ моҳи шарифи Рамазонро аз 27-уми май то 25-уми июн муайян кардаанд.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала