Сафари ҳаҷравони қазоқ ба Макка дар Ҷайҳуни Тоҷикистон пешгирӣ шуд

© Sputnik / Семиряга / Гузаштан ба хазинаи аксПограничный пост на границе Таджикистана. Архивное фото
Пограничный пост на границе Таджикистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ду шаҳрванди Қазоқистон ният доштанд тариқи убири ғайриқонунии Тоҷикистону Афғонистон ба ҳаҷ раванд

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати умури дохилаи ҶТ ду шаҳрванди Қазоқистон зимни убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон дастгир шуданд.

Рӯзи 20 май тахминан соати 22:00  дар дидбонгоҳи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ду шаҳрвади  Қазоқистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дастгир гардиданд.

"Аскар Ушаков, соли таваллудаш 1986 ва Шамсуддин Жолай  соли таваллудаш 1970, ҳангоми кӯшиши убури ғайриқонунии марз дастгир гардиданд", — омадааст дар хабарнома.

Дастгиршудагон зимни бозпурсӣ мақсади убури ғайриқонунии марзро тариқи Афғонистон сафар ҳаҷ гуфтанд.

Айни замон санҷиш идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала