“Фонди хайриявӣ барои мудир?!”: Дастгиршавии директори мактаб бо гумони исрофкорӣ

Гумонбаршуда ваколатҳои мансабиашро сӯистифода карда, фонди хайриявии мактабро, ки аз ҳисоби волидони хонандагон ҷамъ карда мешуд, аз они худ кардааст

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 47-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, директори яке аз муассисаҳои таълимӣ дар  шаҳри мазкур бо гумони ба исрофкорӣ роҳ додани маблағҳои мактаб дастгир карда шуд. 

Бино бар иттилои равобити умуми Вазорати корҳои дохилаи кишвар, гумонбаршуда дар асоси маслиҳати пешакӣ бо кормандони масъули мактаб, бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш, буҷаи муассиса- 49 ҳазору 717 сомониро аз они худ кардааст.

Маблағи мазкурро  волидайни хонандагон, ҳамчун фонди хайрия ҳар моҳҷамъовари мекардаанд.

"Мудири мактаби мазкур бар хилофи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", бе ворид намудан ба суратҳисоби махсуси буҷети маҳаллӣ, маблағҳоро азонихуд намуда, исрофкорона хароҷот намудааст",- гуфта мешавад дар хабар.

Аз рӯи далели мазкур корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала