Қоҳир Расулзода дар Қазон дар иҷлосияи сарони ҳукуматҳои ИДМ иштирок мекунад

© Sputnik / Александр Астафьев / Гузаштан ба хазинаи аксДмитрий Медведев и Кохир Расулзода (слева) перед началом встречи глав делегаций государств - членов ШОС
Дмитрий Медведев и Кохир Расулзода (слева) перед началом встречи глав делегаций государств - членов ШОС - Sputnik Тоҷикистон
Иҷлосияи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ аз 25 то 26 май дар Қазон доир мешавад, ки дар он сарвазири Тоҷикистон Қаҳир Расулзода ширкат меварзад

ДУШАНБЕ, 24 мая — Sputnik.  Дар Қазон 25-26  май иҷлосияи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мешавад, хабар медиҳад хадамоти матибуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Дар ин мулоқот Тоҷикистонро сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода намояндагӣ мекунад.

Иҷлосия таҳти роҳбарии раиси ҳукумати Русия Дмитрий Медведев мегузарад. Тибқи нақша  дар чорчаҳорчӯбаи нишаст сарвазир бо чанде аз намояндагони кишварҳои хориҷа  мулоқот мекунад.

Сафари ҳавоии Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар иҷлосияи 70-уми СММ ба Ню-Йорк рафт

Дар дастури маҷлис 13 лоиҳаи ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳамкориии иқтисодии кишварҳои ИДМ ва рушди муносибатҳои онҳо дар дигар самтҳо марбут аст, дида баромада мешавад.

Масоиле дигаре ки барои баррасӣ омода гаштаанд — ҳамкорҳои  аъзои кишварҳои Иттиҳод  дар соҳаҳои иноватсионӣ,  таъмини амнияти нақлиётӣ, бо мақсади осоишта истифода аз энегргияи атомӣ, омодасозии мутахассисон дар соҳаи геодезия ва картография мебошанд.

Илова бар ин, ба раисони ҳукуматҳо ҳуҷҷатҳое барои баррасӣ пешниҳод мешаванд, ки  дар бораи ҳамкории радионагатсионӣ, мухолифат ба истеҳсол ва паҳн кардани амволи қалбакӣ, ҳифзи молиякияти зеҳнӣ баҳс мекунанд.

Дар рафти нишаст ҳамчунин ба нақша гирифта шудааст, ки иҷлсияи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё  баргузор карда шавад, ки дар доираи он мавзӯъҳои гуногуни ҳамкориҳои ҳамгироӣ  дар доираи Иттиҳоди иқтисодии ОвруОсиё доир мешавад.

Интизор меравад, ки нақшаҳои тадбирҳои якҷоя барои бартарафсозии истисно ва маҳдудиятҳои бозори Иттиҳод,  баррасии рафти корҳо аз омодасозии самтҳои асосии амаликунии дастурҳои рақамӣ ва рушди механизми "оинаи ягона" дар низоми танзими фаъолияти иқтисодии кишварҳои аъзои иттиҳод дида баромада шавад.

Дар маҷлиси байниҳукуматӣ ҳамчунин масоили ташкили корҳои муштараки илмиву тадқиқотӣ  ва таҷрибавиву  конструкторӣ  дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, тартиби тасдиқи грантҳои махсус нисбати маҳсулоти саноатӣ  баррасӣ  мешаванд.

Шурои сарони ҳукумати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамкориҳои ҳукуматҳоро дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳе, ки ҷонибҳо ба он шавқманд мешаванд, мувофиқ мекунад. Шӯрои сарони ҳукуматҳо дар соле ду маротиба баргузор мешавад. Ҷаласаи ғайринавбатӣ метавонад бо ибтикори яке аз кишварҳои аъзо созмон дода шавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала