Зани тоҷик дар пайи фурӯ рехтани тахтасанги оҳанӣ дар Петербург ба ҳалокат расид

© Sputnik / Стас ЭтвешСкорая помощь, архивное фото
Скорая помощь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаби 23-уми май шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми сохтмон дар яке аз биноҳо дар ноҳияи Красногварди шаҳри Петербург вафот кард

ДУШАНБЕ, 25 мая — Sputnik.  Бино бар иттилои хабаргузории "Фонтанка", зани 34-солаи тоҷик  дар пайи садамае ба ҳалокат расидааст.

Чуноне ки манбаъ қайд мекунад, зан дар натиҷаи  фурӯ рехтани тахтасанги аҳаниву бетони кушта шудааст.

Ҳодисаи мазкур шоми 23-уми май дар назди маркази савдои "Заневский каскад" рух дода буд.

Иллатҳои ҳодиса муайян карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0