Русия пойгоҳи 201-умро бо сомонаҳои мушакӣ ва ракетандоз мусаллаҳ мекунад

Сомонаҳои мушакии "Искандар-М" барои нахустин бор дар размоиш дар Тоҷикистон ба кор гирифта мешаванд. Ҳамзамон Русия пойгоҳи 201-умро бо як гурдон сомонаи мушакии "Ураган" мусаллаҳ кардааст.

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Барои ширкат дар размоиши муштараки низомиёни Русияву Тоҷикистон "Душанбе — Антитеррор — 2017" барои нахустин бор сомонаи мушакии "Искандар — М" ба қаламрави ҶТ оварда шудааст.

Бино ба гуфтаи фармондеҳи Минтақаи низомии марказии Русия артишбад Владимир Заруднитский, сомонаҳои мушакии токтикии "Искандар-М" бо ҳавопаймоҳои таробарии Нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия Ан-124-100 "Руслан" ба қаламрави Тоҷикистон интиқол дода шуданд.

Қарор аст аз ин сомонаҳо дар размоиши кишварҳои ҳамсуд (СНГ) "Душанбе — Антитеррор — 2017" истифода шавад, ки аз 30 май то 1 июн дар размоишгоҳҳои Ҳарбмайдон ва Лоҳур баргузор хоҳад шуд.

Самолет Су-24 на совместных учениях российских и таджикских военных на военном полигоне Ляур - Sputnik Тоҷикистон
Русия ва Тоҷикистон дар кӯҳистон размоиш баргузор мекунанд

Артишбад Заруднитский гуфт, дар ин размоиш сомонаҳои мушакии "Искандар —М" пойгоҳҳои гурӯҳҳои теруристии шартиро дар кӯҳсорон ҳадаф қарор хоҳанд дод.

Вай ҳамчунин афзуд, ки нерӯҳои пойгоҳи 201 бо як гурдон аз сомонаҳои ракетандози "Ураган" мусаллаҳ карда шудаанд.

"Нерӯҳои пойгоҳи низомии 201 бо гурдоне тақвият карда шуд, ки бо сомонаҳои ракетандози "Ураган" мусаллаҳ аст. Вале шумори нерӯҳои ин пойгоҳ дар чорчӯби тавофуқномаи имзошуда боқӣ мемонад", — тавзеҳ дод вай.

Низомиёни пойгоҳи 201-ум дар размишгоҳи Лоҳур - Sputnik Тоҷикистон
Размоиши нерӯҳои Тоҷикистону Русия оғоз ёфт

Пештар хабар дода будем, ки Русия барои ширкат дар ин размоиш ягоне аз ҳавопаймоҳои ҷангии Сухой — 24М-ро аз пойгоҳи ҳавоии "Шагол" дар вилояти Челябинск ва ягоне аз чархболҳои Ми-24 ва Ми-8-ро аз пойгоҳи ҳавоӣ дар вилояти Новосибирск ба Тоҷикистон фиристодааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала