Тоҷикистон нерӯгоҳҳои барқобии Норак ва Қайроққумро бозсозӣ мекунад

Давлати Тоҷикистон барои бозсозии марҳилаҳои аввали нерӯгоҳҳои барқобии "Норак" ва "Қайроққум" беш аз 400 милюн дулор ҳазина хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дорад имсол нерӯгоҳҳои барқобии "Норак" ва "Қайроққум"-ро бозсозӣ кунад.

Барои бозсозии марҳилаи аввали НБО "Норак" 3 милёрд сомонӣ баробар бо 350 милюн дулор ва барои марҳилаи аввали НБО "Қайроққум" 600 милюн сомонӣ баробар бо 68 милюн дулор ҳазина хоҳад шуд.

НБО Норак. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Барои азнавсозиии НБО Норак 700 млн доллар лозим аст

Тоҷикистон як моҳ пеш аз Бонки ҷаҳонӣ 225,7 милюн дулор сармоя барои тарҳи НБО "Норак" дарёфт карда буд, ки ҷаҳоряк аз он маблағ грант ва сеяк аз он эътибори молӣ аст.

Бонки ҷаҳонӣ ҳамчунин дар назар дорад сармоягузории эътиборӣ дар заминаҳои барқу кишоварзӣ ва пуштибонии молӣ аз будҷаи давлатӣ ва бахши иҷтимоъии Тоҷикистонро афзоиш диҳад.

Ёдоварӣ мекунем, ки НБО "Норак" соли 1961 сохта шуда ва НБО "Қайроққум" дар соли 1957 бунёд шудааст.     

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала