Тавсияҳои пизишки тоҷик ба рузадорон

© Sputnik / Артем Креминский / Гузариш ба медиабонкМусалмонҳо ҳангоми намоз дар моҳи Рамазон. Акс аз бойгонӣ
Мусалмонҳо ҳангоми намоз дар моҳи Рамазон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиноси гастроэнтерология (гуворишшиносӣ) дар бораи ҳолатҳои ҷоиз набудани рузагирӣ аз нигоҳи тибб, истеъмоли хӯрок ҳангоми рӯзадорӣ ва анвои таомҳои фоидаовар барои шахсони рӯзадор сӯҳбат мекунад

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  имсол оғози моҳи шарифи Рамазонро дар   кишвар 27 май эълон намуд.

Вобаста ба ин, дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон тавсияҳоеро барои рӯзадорон аз муовини мудири Пажӯҳишгоҳи Гастроэнтерология Сайфулло Авезов пешниҳод мекунад.

Первый заместитель председателя Духовного управления мусульман России Рушан Аббясов - Sputnik Тоҷикистон
Руҳонии Русия: Тоҷикон дар густариши ислом нақши барҷаста доранд

 Барои беморони кадом намуди маризӣ доштани рӯза ҷоиз нест?

Барои беморони гирифтори захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, панкреатити музмин дар марҳилаи хуруҷ, исҳоли музмин, колити ғайривижавии захмӣ, беморони вазнини ҷигар, ба монанди сиррози ҷигар, диабети қанд доштани рӯза ҷоиз нест. Зеро ташнагӣ ва гуруснагии зиёд метавонад сабаби авҷгирӣ ва ё вазниншавии аҳволи ин беморон гардад.

Агар рӯзадор худро бад ҳис кунад, чӣ кор бояд кунад?

Агар шахси рӯзадор худро бад эҳсос кунад, ягон шикоят ва аломати беморӣ дар бадани худ пайдо кунад, ҳатман ба табиби оилавии худ муроҷиат намояд. Табиб дар асоси муоина ва ташхиси бемор маслиҳати зарурии худро медиҳад.

Ҳангоми рӯза гирифтан бояд аз кадом хӯрок парҳез кард?

Парҳез дар ҳама вақт зарур аст. Дар моҳи шарифи Рамазон кушиш намоед, ки ғизои сабук истеъмол намоед, то ба узвҳои ҳозимаи Шумо таъсири манфӣ нарасонад. Аз хуроке, ки равғани ҳайвонот ва шириниҳо дорад, парҳез кунед.  Ҳангоми нӯшидани об ва шарбати мева бояд ба дараҷаи хунукии он низ аҳамият дод. Он набояд хеле хунук бошад, зеро метавонад ба меъдаи шахси рӯзадор таъсири бад расонад.

Элизабет И. Миллард. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сафири Амрико моҳи шарифи Рамазонро ба мардуми Тоҷикистон табрик гуфт

Дар айёми  рӯзадорӣ субҳона ва шомгоҳон чиро бештар истеъмол бояд кард?

Субҳона хурокҳои аз шир тайёр шуда, гушти обпаз, салати сабзавоти тару тоза, мева (як себ, ё 3-4 дона зардолу) ва нушокиҳо (то 1,5 литр) истеъмол намоед.

Шомгоҳон аз нушинади нушокиҳо сар кунед, ва пас аз 10-15 дақиқа ба масрафи хурокаҳои камравғани гуштин ва ё сабзавотӣ сар кунед. Кушиш кунед, ки хурокро оҳиста, батадриҷ, хоида фуру баред. дар ҳолати саросемагӣ шахс бештар хурок мехурад ва гирифтори фарбеҳӣ мешавад. Ҳиссиёти гуруснагӣ ва серӣ аз фаъолияти ҳормонҳои бадан вобаста аст. Ҳангоми бадатриҷ хурдан, ҳормонҳои серӣ дар хун афзуда ҳиссиёти сершавиро медиҳанд ва шахс камтар хурок истеъмол менамояд.

Ҳар шом хуроки худро дигар намояд. Масалан як руз аз биринҷ, рузи дуюм аз картошка, рузи сеюм аз лубиё, дигар руз аз мош ё марҷумак хурок тайёр намоед. Дар шомгоҳон низ хурдани меваро низ фаромуш накунед.

Кушиш намоед, ки пас аз 2-3 соати хуроки шом хоб равед.

Хуроки бештар дар субҳона бе иллат хоҳад буд ва ё шомгоҳон?

Хуроки зиёд  ҳам субҳона ва ҳам шом зарар дорад. Зеро метавонад сабаби бисёр бемориҳо ва ё хуруҷи бемориҳои музмини узвҳои ҳозима гардад. Яке аз бемориҳое, ки аз пурхурӣ пайдо мешавад, фарбеҳӣ аст, ки худ сабаби бемориҳои зиёди дастгоҳҳои гуногуни бадан, чун диабети қанд, фишорбаландии шараёнӣ, санги талха, фибрози ҷигар ва ғайра мекардад.

Лентаи хабарҳо
0