Рақобат барои "Ҷоми Оқохони IV" идома дорад: кӣ бурду кӣ бохт

© Sputnik Каллиников КириллЛетний турнир по футболу среди памирских таджиков в Москве
Летний турнир по футболу среди памирских таджиков в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Дар умум имсол барои "Ҷоми Оқохони IV" нуздаҳ даста аз деҳаҳои гуногуни ВМКБ рақобат мекунанд

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Дирӯз, 27 май дар майдони Спартаковетси Маскав чор даста дар сабқати футбол байни ҳам рақобат карданд.

Бино ба иттилоъи роҳбари шӯъбаи итилоотии ташкилоти "Нур" Аброр Боймамадов, дар мусобиқа дастаҳои Вамд, Сохчарв, Вамар, Поршнев, Шоҳдара, Помир 04, Барушон ва Хоруғ 2 қувва озмуданд.

Тими Вамд бо ҳисоби 0:1 аз дастаи Сохчарв шикаст хурд. Дастаи Вамар бо ҳисоби калон 5:1 рақибони худ аз тими Поршневро мағлуб кард. 

Бозигарони дастаи Шоҳдара бо тими Помир 04 рақобат карда, бо ҳисоби 1:0  пирӯз шуданд. Дастаи Барушон дар рақобат бо тими Хоруғ 2 бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

© Фото : Аз саҳифаи расмии бозии футболНатиҷаи бозии рӯзи 27 май
Натиҷаи бозии рӯзи 27 май - Sputnik Тоҷикистон
Натиҷаи бозии рӯзи 27 май

Дар умум барои дарёфти "Ҷоми Оқохони IV"  19 даста байни ҳам рақобат мекунанд.

Инҳо: Вамар, Поршнев, Сохчарв, Куйбишев, Вамд, Рӯшон, Ишкошим, Помир 4, Вахон, Шоҳдара, Криша мира, Сучон, Дети Памира, Хоруғ, Барушон, Деҳрушон, Ғунд, Помир Душанбе ва Хоруғ 1 мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта "Ҷоми Оқохони IV" насиби дастаи Вамар шуда буд.

Мусобиқаи футбол барои дарёфти "Ҷоми Оқохон" 20 май оғоз шуда то 15 июли соли равон идома мекунад. Дар ин муддат ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат дар майдони "Спартаковетс" Маскав бозиҳо баргузор мешаванд.    

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала