Дар шаҳри Истаравшан боғи фароғатӣ бунёд мешавад

Дар мавзеъи Себзори шаҳри Истаравшан боғи фароғатӣ бунёд мешавад

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии мақомоти Суғд, раиси вилоят зимни бюоздид аз шаҳри Истаравшан ба масъулин тавсия дод, ки мавзеъи Себзор ба боғи фарҳангӣ — фароғатӣ табдил шавад.

Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки лоиҳаи боғро таҳия ва пешниҳод намоянд.

Манбаъ меафзояд, ки дар ҳудуди боғ фаввораҳо, нишастгоҳҳо, ҷойҳои истироҳатӣ барои сокинон, майдони бозии кӯдакон, маркази адибон бунёд мешавад.

Карусель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кандашавии карусел дар боғи Навоӣ: даҳ кас бистарӣ шуд

Ҳамчунин барои меҳмонони хориҷӣ дӯкони фурӯши хӯрокҳои миллӣ ва армуғонҳои мардумӣ бунёд карда шуда, тамоми ҳудуди боғ чароғон карда хоҳад шуд.

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан раиси вилоят бо сохтмони бинои нави Муассисаи давлатии Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳр шинос шуд.

Сохтмони ин иншоот соли 2011 оғоз ёфта, он барои 320 ҷои нишаст пешбинӣ шудааст.

Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ соли 2009 таъсис ёфта, айни замон дар ин боргоҳ 328 нафар ҷавонон дар 11 равия ба таълиму касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала