Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Чор рӯзи истироҳати тоҷикистониён дар иди Рамазон

Моҳи шарифи Рамазон, ки аз рӯйи тақвими исломӣ ҳамасола тахминан 11 рӯз пештар фаро мерасад, имсол аз 27 май оғоз шуда, то 26 июн идома мекунад

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Бо ҳисоби пешакӣ рӯзи 26 июн ба рӯзи душанбе рост меояд. Рӯзи баъдӣ бошад — яъне 27 июн Тоҷикистон Ваҳдати миллиро таҷлил мекунад.

Ҳамин тавр бо дарназардрошти рӯзҳои истироҳатӣ (шанбе ва якшанбе) ва иди Рамазону Рӯзи Ваҳдат, тоҷикистониён имсол дар арафаи иди Рамазон чор рӯз истироҳат хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки санаи саҳеҳи ҷашни иди Рамазонро Шӯрои уламои маркази исломии ҷумҳурӣ дар остонаи ид эълом мекунад.

Тибқи тақвими имсола, ки аз ҷониби Шӯри уламо таҳия шудааст, рӯзи охири моҳи Рамазон имсол 25 июн буда, рӯзи дигараш ид аст, вале баъзан бо ҳисоби олимони бахши дину мунаҷҷимон, моҳи Рамазон 29 рӯз давом мекунад ва мутаносибан ба 25 июн рӯзи якшанбе афтад.

Ҳамин тавр шаҳрвандони Тоҷикистон пай дар пай 4 рӯз — аз 24 то 27 июн истироҳат мекунанд.

Рӯзи 27 июн ҳамасола чун Рӯзи Ваҳдат дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

© SputnikИди Рамазон
Иди Рамазон - Sputnik Тоҷикистон
Иди Рамазон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала