Тундбод дар Маскав ҷони 11 касро гирифт

Обуна шудан
Дар паи тундбоде, ки дирӯз дар Маскав рух дод, 11 кас кушта ва 150 кас захмӣ шуданд

Аз ин захмишудагон 108 кас бузургсоланд ва 22 кас кӯдак ҳастанд. Шаҳрдори Максав Сергей Собянин гуфт, ки хонаводаҳои ҳар яке аз кушташудагон дар ин тундбод 1 милюн рублӣ кумаки молӣ хоҳанд гирифт.

Нерӯҳои Вазорати умури изтирории Русия дарахтҳои уфтодаву худравҳои осебдидаро аз сатҳи шаҳр ҷамъоварӣ карда ва симҳои кандашударо васл кардааст.

Лентаи хабарҳо
0