Рӯзе дар “меҳмонии” Эмомалӣ Раҳмон

© Фото : WikipediaЭмомали Рахмон и его семья, архивное фото
Эмомали Рахмон и его семья, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзе иттифоқ афтод, ки меҳмони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шавам

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik.  Ману ҳамкорам ба хонаи раисҷумҳур ворид шудем. Раисҷумҳур дар утоқе нишаста буд ва моро ба он роҳнамоӣ карданд. Назди раисҷумҳур даромадем ва бо Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат шудем. Аз ину он, вале на аз сиёсат…

Бовар намекардам, ки ҳоло рӯ ба рӯи раисҷумҳур нишастааму суҳбат мекунам. Намедонистам чигуна ба вай муроҷиат кунам. Таваккал кардаму "бобои Эмомалӣ Раҳмон" гуфтам.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон дар дастфишорӣ Доналд Трампро шикаст дод

Ҳамкорам "акои Эмомалӣ Раҳмон" мегуфт, гӯё аз дер боз бо раисҷумҳур аз наздик ошно бошад.

Раисҷумҳур дар раванди суҳбат гуфт, бисёр ҷавонон ба қабулгоҳаш меоянду ҳаргуна дархост ҳам мекунанд.

"Боре ҷавондухтаре аз ман дархост кард, ки ӯро симате ё вазифае диҳам. Ин дархосташ ба назарам бемаврид намуд ва раддаш кардам. Вале акнун фикр дорам, ки шояд беҳтар мебуд, ки имконе барояш фароҳам мекардам?", — гуфт раисҷумҳур.

"Салоҳи мамлакатро хусравон донанд!", — гуфтам, ҳарчанд медонистам, ки ин саволаш посух намехоҳад.

"Он мутарҷиме, ки ҳамеша дар сафарҳои хориҷӣ ҳамроҳатон аст, ба назарам мутарҷими хубест", — гуфтам.

— Бале, кадри олист, — гуфт раисҷумҳур.

Суҳбат дар ҷӯш буд, ки яке аз хидматгузорони хонаи раисҷумҳур ба утоқ даромад. Дар ҳоле, ки чангу ғуборро пок мекард, ба раисҷумҳур гӯё бо падараш гуфтугӯ мекарда бошад, аз ҳамсояаш шикоят кард.

— Нигарон набош, кӯмакат мекунам, — гуфт Эмомалӣ Раҳмон дар посух ба гилаи хидматгузор.

Ман аз ин бархурди раисҷумҳур ба хидматгузораш шигифтзада шудам ва бо худ гуфтам, аҷиб аст ки чунин шахси воломақоме бо корманди маъмулӣ чунин меҳрубонӣ кунад.

Вале дар он воқеъият авзоъ чунон буд.

Ҳаминҷо суҳбатро ба поён расондем ва аз утоқ баромадем. Ба ҳамкорам гуфтам, ки аз ин меҳмонӣ гузориш хоҳам навишт.

Гузориш менавиштам, ки соат ҷаррангос зад. Чашмонамро кушода дидам, ки субҳ дамидаву ман дар хоб мондаам.

Дар роҳ ба коргоҳ аз хоби дидаам фикр мекардам. Гӯё ин меҳмонӣ дар воқеъ рух дода буд. Хобе не, ҳақиқат буд.

Худ ба худ гуфтам: "Бисёр хуб мешуд, агар рӯзноманигоронро имкон медоданд, ки гаҳ гоҳе меҳмони раисҷумҳурон шаванду бо зиндагии рӯзмарраи сарвари кишвар аз наздик ошно шаванд ва гузориш бидиҳанд. Хеле хуб мешуд. Чунин меҳмонӣ имкон медод, ки раисҷумҳур бо мардум наздиктар шавад. Шояд дар воқеъ таъбири хобам ҳамин бошад?!"

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала