Эмомалӣ Раҳмон инфиҷор дар Афғонистонро шадидан маҳкум кард

© Фото : Официальная страница пресс-службы президента РТЭмомали Рахмон, архивное фото
Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба кишвардори Афғонистон номаи таслият равон кард

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти раисҷумҳур дар номаи таслият Эмомалӣ Раҳмон таркиш дар Афғонистонро шадидан маҳкум кардааст.

Дар паёми раисҷумҳур омадааст.

"Ҷалолатмаоб, хабари таркиши маргталабона дар шаҳри Кобул, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардуми осоишта дар моҳи шарифи Рамазон гардид, моро дучанд андӯҳгин намуд.

Мо ин амали ғайриинсонӣ ва ваҳшиёнаи террористонро, ки хилофи суннату оинҳои поки дини мубини Ислом мебошад, шадидан маҳкум менамоем.

Ҳамдардиву тасаллияти амиқи ин ҷонибро ба Шумо, Ҷалолатмаоб, наздикону пайвандони қурбоншудагон ва тамоми мардуми дӯсти Афғонистон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил орзумандем".

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар шаҳри Кобул, дар наздикии сафорати Олмон дар Афғонистон таркиш рух дод. Вазорати тандурустии Афғонистон теъдоди ҳалокшудагонро 80 кас мегӯяд. Гуфта мешавад, ки зиёда аз 320 тан дар паи инфиҷор  захмӣ шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0