Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар ҷадвали ФИФА як зина боло рафт

© AP / Steffen SchmidtЛоготип ФИФА, архивное фото.
Логотип ФИФА, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ба наздикӣ Ассотсиатсияи федератсияи футболи байналмилалӣ рейтинги тозаи тимҳои мунтахаби миллиро мунташир кард

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Мунтахабаи Тоҷикистон дар муқоиса бо моҳи гузашта дар ҷадвали ФИФА як зина боло шуда, дар сатри 137-ум қарор дорад. 

Мувофиқи маълумоти ФФТ,  ҳоло мунтахаби тоҷик дар ҳисобаш 205 хол дорад. Байни тимҳои Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар мақоми 24-ум меистад.

Ба наздикӣ, мунтахаби миллии  Тоҷикистон дар доираи сабқатҳои Ҷоми Осиё- 2019 бо дастаи мунтахаби Филиппин бозӣ мекунад.  Сабқат 13-уми июн саоти 21:00 бо вақти Душанбе сурат мегирад.

Рейтинги навбатии ФИФА санаи 6-уми июл мунташир хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0