Содиқ Хон: дар паи инфиҷор шаш кас ҳалок беш аз 40 тан захмӣ шуд

© AP / Yui MokПолиция Лондона
Полиция Лондона - Sputnik Тоҷикистон
Дар паи инфиҷор дар шаҳри Лондон шаш кас ҳалок ва беш аз 40 кас захмӣ шуд

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Ду тан аз захмишудагон шаҳрвандони Фаоса мебошад. Аҳволи чанд каси дигар бад арзёбӣ мешавад.

Дар кӯчаҳои шаҳри Лондон гурӯҳҳои интизомӣ посбонӣ мекунанд.

"Шаш кас дар пайи инфиҷор ҳалок шуда, беш аз 40 тан захм бардошта ба беморитонҳо бистарӣ гардид. Аҳволи аксари захмишудагон вазнин аст" — гуфт шаҳрдори Лондон Содиқ Хон.

Мошини террорист, баъди тирпаррорнии кормандони пулис. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамлаҳои террористии соли 2016: қурбониёни таркишҳо

Раиси шаҳр ҳамчунни хабар дод, ки ду тан аз захмиудагон шаҳрвандони Фаронса ҳастанд.

Дар маркази шаҳри Лондон ҳангоми шаб ду таркиш ба амал омад. Дар пули ин шаҳр микроавтобус ба самти пиёдагардон ва бозори Боро ҳаракат карда, мардумро ба марг дучор кард. Дар натиҷа шаш кас ҳалок ва беш аз 48 тани дигар захмӣ шуд. 

Кормандони ҳифзи тартибот се касро бо гумони омодасозии инфиҷор ба ҳалокат расониданд.

Ёдовар мешавем, ки ин сеюмин инфиҷор дар давоми 2,5 моҳи ахир дар Бритониё мебошад.

Қаблан дар 22 май дар майдони консертии "Манчестер Арена" таркиш ба амал омада дар паи он 19 кас ҳалок ва 59 тани дигар захмӣ шуда буд.

Ин таркиш замоне ба вуқӯъ омад, ки дар  майдони "Манчестер Арена" Бритониё овозхони амрикоӣ Ариана Гранде ҳунарнамоӣ мекард. 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала