Коршинос: Тоҷикистонро ояндаи норӯшане дар пеш аст

© Sputnik / Сергей Аверин / Гузаштан ба хазинаи аксНадпись OSCE на куртке представителя ОБСЕ, архивное фото
Надпись OSCE на куртке представителя ОБСЕ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Коршиноси умури сиёсиву иҷтимоъӣ Рустам Самиев бар ин бовар аст, ки манфитарин пайомади буҳрон дар равобити Тоҷикистон ва Созмони амнияту ҳамкории Урупо "коҳиши ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд"

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Урупо дар Тоҷикистон эълом карда, ки аз аввали моҳи июл мақоми худро тағйир дода, чун Дафтари барномаҳои САҲА фаъолият хоҳад кард.

Ин тасмим дар паи қароре гирифта шуда, ки Шурои доимии САҲА дар Вена чанд рӯз пеш тасвиб карда буд. Далоили ин тасмимгирӣ ва пайомадҳои сардии равобити Душанбе ва САҲА-ро аз коршиноси умури сиёсиву иҷтимоъӣ Рустам Самиев ҷӯё шудем.

Логотип ОБСЕ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
САҲА фаъолияташро дар Тоҷикистон маҳдуд мекунад

Ба назари вай, тағйир ёфтани мақоми намояндагии САҲА дар Тоҷикистон нишондиҳандаи буҳрон дар равобити Тоҷикистон ва Иттиҳоди Урупо аст.

"Ин равандҳо баёнгари он ҳастанд, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ниёзе ба созмонҳое чун САҲА надорад ва ҳамзамон омода нест таъаҳҳудоти байналмилалияшро дар заминаи озодии баён ва ҳуқуқи башару шаҳрвандӣ иҷро кунад", — гуфт коршинос.

Вай бар ин назар аст, ки "манфитарин пайомади ин буҳрон — коҳиши ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд".

"Натиҷаи равобити бистучандсолаи Тоҷикистон ва САҲА ин аст, ки ҳизбҳои сиёсӣ дар ҶТ наметавонанд озодона фаъолият дошта бошанд, озодии баёну матбуъот ва ҳуқуқи шаҳрвандон барои ислоҳи ҳукумат ва интихоботи озод аз мардум гирифта шуд. Бо чунин шароите Тоҷикистонро ояндаи норӯшане интизор аст", — таъкид кард Рустам Самиев.

Вай дар баррасии фарозу нишеби равобити САҲА ва Тоҷикистон дар 15 соли ахир гуфт, метавон иддиъо кард, ки "ҳукумати Тоҷикистон амалан диплумосии урупоиро шикаст дод".

Ба бовари Рустам Самиев, "бюрократҳои урупоӣ, ки беш аз 20 сол бо харҷи 2,5 милёрд евро аз кисаи молиётпардозони урупоӣ дар Тоҷикистон кору фаъолият доштанд, ором нахоҳанд нишаст ва бояд мутмаин буд, ки бо гузашти чаҳор то шаш моҳ раҳбарони баландпояи давлати Тоҷикистонро дар Урупо дигар нахоҳанд пазируфт".

Ин коршинос боварманд аст, ки аз дидгоҳи сиёсиву иқтисодӣ дар дарозмуддат сардии равобит бо Созмони амнияту ҳамкории Урупо ба суди Тоҷикистон нахоҳад буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала