“Пул бидеҳу сарбозӣ нарав”: Ожонси мубориза бо фасод пизишки ришваситонро боздошт кард

Дар яке аз марказҳои беҳдошту дармонии шаҳри Истаравшан як пизишки кӯдакон ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шуд

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Ожонси мубориза бо фасод гузориш додааст, ки дар шаҳри Истаравшан як пизишки ришваситон боздошт шудааст.

Бино бар ин гузориш,  Қаюм Султонов — пизишки шуъбаи кӯдакони Маркази саломатии № 1 шаҳри Истаравшан, ки котиби комиссияи пизишкии низомӣ буда, барои озод намудани як ҷавонписар аз хидмати сарбозӣ як ҳазор дулори ИМА талаб кардааст.

Шприц, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вақте пизишк “одамкуш” мешавад...

Қисме аз маблағро ин пизишк моҳи март гирифта буда ва талаб кардааст, ки бақияро низ оварда бидиҳанд.

Қаюм Холиқовро кормандони Ожонси фасодзудо ҳангоми дарёфти пора дар маҳалли ришваситонӣ дастгир карданд.

Барои бозрасии ин ҷурм парванда боз шуда ва ба додгоҳ фиристода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала