Пас аз 25 соли равобит Аслов омода аст ҳамкориро бо Фаронса таҳким бахшад

© Фото : Аз равобити умумии ҶТГуфтугӯи Сироҷиддин бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон
Гуфтугӯи Сироҷиддин бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Имрӯз, вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо сафири Фаронса дар кишвар хонум Ясмин Гуедар дидор кард

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати корҳои хориҷаи ҶТ дар ҷараёни  мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносиботи Тоҷикистону Фароснаро муҳокима карданд.

Сироҷиддин Аслов ва хонум Ясмин Гуедар аз сатҳи ҳамкориҳои  ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар 25 соли муносибатҳои сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

"Намояндагони воломақоми ду кишвар ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсӣ ва дарёфти роҳи нави тавсеаи робитаҳо ибрози омодагӣ намуданд", — омадааст дар хабарнома.

Қаблан хабар дода шуд, ки намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Фаросна бо ҷавонони тоҷик, ки дар макотиби олии Фаронса таҳсил мекунанд, дидор карданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала