Human Rights Watch: Гутерриш бояд ба Тоҷикистон фишор биёрад то ҳуқуқи башарро пос бидорад

© AFP 2022 / DENIS BALIBOUSE / POOLГенеральный секретарь ООН Антониу Гутерреш, архивное фото
Генеральный секретарь ООН Антониу Гутерреш, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Созмони байналмилалии "Дидабони ҳуқуқи башар" (Human Rights Watch) аз дабири кулли Созмони милали муттаҳид Антониу Гуттериш хостааст, ки дар мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавзуъи посдошти ҳуқуқи башарро матраҳ кунад

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Human Rights Watch дар баёнияе, ки имрӯз мунташир карда, сафари дабиркулли СММ ба Осиёи Марказиро "фурсате муносиб барои изҳори нигаронии Созмони милал аз вазъи ҳуққи башар дар минтақа дар болотарин сатҳ" шумурдааст.  

Дабири кулли Созмони Милал қарор аст 12-уми июн ба Душанбе биравад ва бо раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар масъулин дидору гуфтугӯ кунад.

Надпись OSCE на куртке представителя ОБСЕ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: Тоҷикистонро ояндаи норӯшане дар пеш аст

Ҳю Вилямсон, мудири барномаҳои Дидабони ҳуқуқи башар дар Урупо ва Осиёи Марказӣ дар ин баёния гуфтааст "риояти ҳуқуқи башар дар кишварҳои минтақа бояд аз масоили аслии суҳбати Антониу Гуттериш бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад".

"Мо аз дабири кулл мехоҳем бо истифода аз нахустин сафараш ба минтақа ба сарони кишварҳо ҳушдор бидиҳад, ки қонунҳои байналмилалӣ ва муқаррароти Созмони милал дар заминаи ҳуқуқи башарро иҷро кунанд. Касонеро, ки ба ноҳаққ зиндонӣ кардаанд, озод кунанд, бигузоранд, то хабарнигорону мудофеъони ҳуқуқи башар корашонро кунанд ва шиканҷагаронро муҷозот кунанд".

Дар бахше дигар аз ин баёния гуфта шуда, ки "сафари дабири кулли СММ ба Тоҷикистон дар шароите сурат мегирад, ки нақзи ҳуқуқи башар ба баландтарин сатҳ дар 20 соли гузашта расидааст":

"Гутерриш бояд давлати Тоҷикистонро фаро хонад, ки ба нақзи ҳуқуқи башар, аз қабили фишор бар мухолифину боздошти фаъолон, поён диҳад. Дабири кулли СММ бояд бар мақомоти тоҷик фишор биёрад, то фаъолону вакилони зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов ва Шуҳрат Қудратов бе ҳечгуна қайду шарте аз зиндон озод шаванд, фишор бар хешовандону наздикони мухолифини ҳукумат, ки дар хориҷ қарор доранд, поён дода шавад".

"Дидабони ҳуқуқи башар" (Human Rights Watch) созмони ғайридавлатии байналмилалӣ аст, ки дар шаҳри Ню-Йорк ҷой дорад ва бар таҳқиқоту пуштибонии ҳуқуқи башар мудирият мекунад.

Ин созмон дафтарҳое дар Брусел, Ландан, Маскав, Ҳонг-Конг, Лос-Анҷелес, Сан-Франсиско, Тошканд, Торонто ва Вашингтон дорад.

Лентаи хабарҳо
0