Эмомалӣ Раҳмонро ба Остона гусел карданд

© Пресс-служба Президента РФ / Гузариш ба медиабонкПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар вохӯрии сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шонгҳой ба шаҳри Остона сафар кард

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси Маҷлиси намояндагон, сарвазир, роҳбари дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.

Дар ин сафар раисҷумҳури Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни кишвардор Тоҷикистон дар робита бо масоили хориҷӣ ва иқтисодӣ, вазири энергетика ва захираҳои об, вазири фарҳанг, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

 

Лентаи хабарҳо
0