Эрон ба Қатар як ҳавопаймо хӯрокворӣ фиристод

Эрон нахустин маҳмула аз ёриҳои башардӯстонаро бо ҳавопаймое ба Қатар фиристод

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи шабакаи Press TV раҳбари Созмони ғизову доруи Эрон Ризо Нуронӣ гуфтааст, ки Эрон омода аст Қатарро аз ҳамагуна маводи хӯрокворӣ таъмин кунад.

Ҳукумати Қатар бо Эрон ва Туркия дар бораи таъмини кишвар бо маводи хӯрокворӣ гуфтушунид дорад.

Представители высших государственных чинов королевства Саудовская Аравия, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Арабистони Саудӣ аз рафтори Қатар норозӣ аст: коршинос

Ин дар ҳолест, ки ҳамсояи наздиктарини Қатар — Амороти муттаҳидаи Арабӣ ҳама гуна алоқаро бо ин кишвар қатъ кардааст.

Рӯзи душанбе, 5 июн Аморати Муттаҳидаи Арабӣ ба дипломатҳои қатарӣ 48 соат ва шаҳрвандони ин кишвар 14 рӯз муҳлат дод, то хоки ин кишварро тарк кунанд.

Арабистони Саудӣ низ ин иқдоми Аморати Муттаҳидаи Арабӣро пайгирӣ карда, ғайр аз ҳоҷиён дигар шаҳрвандони Қатарро аз қаламраваш ихроҷ кард. Кишварҳои арабӣ Қатарро муттаҳам ба пуштибонӣ аз гурӯҳҳои тундрави "Ал-Қоъида" ва "Давлати исломӣ" кардаанд.

Баҳрайн, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Миср дар бораи қатъи робитаҳои сиёсӣ бо Қатар эълом карданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала