Модар, маро бибахш: пушаймонии ҷангҷӯи ДОИШ

© Sputnik / Табылды КадырбековВидео, снятое кыргызстанцем, предположительно, в Сирии. Фото со страницы Facebook пользователя Адиль Айтикеев
Видео, снятое кыргызстанцем, предположительно, в Сирии. Фото со страницы Facebook пользователя Адиль Айтикеев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чандин ҳазор кас аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ зери парчами гурӯҳи теруристии “Давлати исломӣ” меҷанганд

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи Sputnik Қирғизистон дар Facebook наворе мунташир шуда, ки дар он як марди қирғиз аз модараш барои пайвастан ба сафи тундгароён ва рафтан ба ҷанги Сурия пӯзиш мехоҳад.

“Вақтам танг аст. Дуртар аз ман мушакборон аст. Эҳтимолан, зинда нахоҳам монд. Модар, мехостам бигӯям: “Маро бубахш. Ман хато кардам, ки ба ин ҷо омадам. Дар ин ҷо мардумро мекушанд, занонро таҷовуз мекунанд. Маълум нест, ки фармон медиҳад. Ин ҷанги мо нест. Ин ҷанги ман нест. Модар, бори дигар мар бубахш”, — мегӯяд бо забони қирғизӣ марди ниқобпӯш.

Ба назар мерасад, ки ин ҷангҷӯ дар Сурия бошад, вале дақиқан маълум нест, ки оё ин навор воқеъӣ аст ё саҳнасозӣ.

Созмони амнияти Қирғизистон айни ҳол дақиқ будани наворро санҷида истодааст.

Лентаи хабарҳо
0