Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Шаш милюн мусулмон дар Русия рӯза гирифтааст

Моҳи мубораки Рамазон дар Русия аз 27 май шурӯъ шуда, 25 июн ба анҷом мерасад

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Раҳбари маъмурияти марказии рӯҳониёни  Русия Муҳаммад Тоҷиддинов хабар дод, ки наздики шаш миллион мусулмон дар Русия дар моҳи мубораки Рамазон рӯза гирифтааст.

"Тибқи маълумоте, ки мо дар даст дорем, беш аз 30 фисади мусулмонони Русия яъне наздики 6 миллион кас аз ҷамоати 20 миллионаи Русия рӯзадор аст", — гуфт рӯҳонӣ ва афзуд, ки дар ин росто созмоне ҳисоби дақиқ намебарад.

Бесплатное маршрутное такси в честь месяца Рамазан - Sputnik Тоҷикистон
Роҳкиро ройгон: Иқдоми ронандаи душанбегӣ дар моҳи мубораки Рамазон

Моҳи Рамазон ва рӯзагирӣ дар кишварҳои мусулмоннишин бо таҷлили иди фитр ба поён мерасад.

Иди фитр яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон мебошад, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол, баъд аз моҳи Рамазон таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ аз он истиқбол шуда, дар ин рӯз дари ҳамаи коргоҳҳо баста ва ин рӯз истироҳат эълон мешавад.

Иди Рамазон дар кишварҳои мусулмоннишин аз як то се рӯз қайд карда мешавад. Дар рӯзи аввал мардум бо либоси тоза ба масҷидҳо рафта намози ид мегузоранд. Дар рӯзҳои баъдӣ бошад дастархони идона ороста ба хонаҳои ҳамдигар ба меҳмонӣ мераванд.

Дар ин рӯзи муборак мусулмонон ба дӯстон хешу таборон тӯҳфаҳо тақдим намуда, онҳоро ба хонаҳои худ даъват мекунанд. Ба кӯдакон либосҳои нав мехаранд. Шахсони расмии кишварҳои мусулмоннишин ба ҳамдигар ва халқи худ паёмҳои шодбошӣ ирсол намуда, дар аксар маврид барои маҳбусон афв эълон мешавад.

© SputnikИди Рамазон
Иди Рамазон - Sputnik Тоҷикистон
Иди Рамазон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала