Ҷавонони Бадахшон Рӯзи оштии миллиро бо зӯрозмоӣ гиромӣ медоранд

© Фото : РОО "НУР"Кубки с борьбы во Дворце борьбы им. Ярыгина
Кубки с борьбы во Дворце борьбы им. Ярыгина - Sputnik Тоҷикистон
Силсилае аз мусобиқаҳои варзишӣ бо ибтикори Кумитаи ҷавонону варзиш дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон роҳандозӣ шуда ки то ҷашни 20-умин солгарди оштии миллии тоҷикон идома меёбанд

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Кумитаи ҷавонону варзиши Тоҷикистон ба муносибати 20-умин солгарди оштии миллӣ ва "Соли ҷавонон" силсилае аз мусобиқаҳои варзишӣ дар ноҳияҳои вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мекунад.

Ба гузориши Кумитаи ҷавонону варзиш ба нақл аз вебгоҳи рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон", дар ноҳияи Дарвоз ба ин муносибат дар варзишгоҳи "Авесто" мусобиқаи футбол баргузор мешавад. Дар ин зӯрозмоӣ 22 даста ширкат мекунанд, ки аз ҷавонону наврасону кӯдакони зодашуда дар солҳои 2000 — 2011 ташкил шудаанд.

"Дар назар аст, ки аз миёни дастаҳои мазкур як дастаи мунтахаб барои мусобиқаи вилоятӣ омода намоем", — гуфтааст Расулҷон Шокиров, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Дарвоз.

Дар чорчӯби ин ибтикор ҳамчунин ноҳияи Ванҷ мусобиқаи куштии миллӣ баргузор мешавад. Дар варзишгоҳи ҷамоати деҳоти Муҳаммадулло Абдуллоев наврасони зодашуда дар солҳои 1999 — 2000 зӯрозмоӣ хоҳанд кард.

"Ин мусобиқа ба хотири ҷалби наврасон ба суннатҳои варзиши аҷдодӣ, тақвияти сиҳативу саломатӣ ва рӯ овардани онҳо ба беҳзистиву машғулиятҳои муфид пешбинӣ гардидааст", — гуфтааст Масрур Ғайратов, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ванҷ.

Дар ноҳияи Рӯшон ба муносибати "Соли ҷавонон" ва 20-умин солгарди оштии миллӣ мусобиқаи "Тӯпи чармин" бо ширкати 11 даста аз наврасону ҷавонони футболдӯст баргузор мешавад. Ғолибон дар ин мусобиқа Ҷоми Бахш, ифтихорнома ва ҷоизаи нақдӣ ба маблағи аз 900 то 3000 сомонро дарёфт хоҳанд кард.

"Ин мусобиқа бо ҳадафи рушди футболи тоҷик, таҳкими тарзи ҳаёти солим, дӯстӣ миёни наврасону роҳандозӣ шудааст", — гуфтааст мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва гардишгарии Рӯшон Холисамо Саидхонова.

Дар ноҳияи Шуғнон дар чорчӯби барномаҳои "Соли ҷавонон" ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити мусобиқаи волейбол баргузор шудааст.

Дар варзишгоҳи рустои Кӯшк 8 даста аз ҷавонон бо ҳам барои ба даст овардани ҷоизаҳои Бахши ҷавонон, варзиш ва гардишгарии Шуғнон рақобат кардаанд.

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ишкошим низ дар варзишгоҳи марказии ноҳия мусобиқаи "Тӯпи чармин" баргузор мекунад.

Дар ин мусобиқа 7 даста аз наврасону кӯдакони мактабҳои варзишӣ ва таҳсилоти ҳамагонӣ байни ҳам барои муайян кардани беҳтарин даста ва футболбоз рақобат доранд.

Дар назар аст, ки беҳтарин даставу бозикунони ин зӯрозмоӣ барои ширкат дар мусобиқаҳои вилоятӣ ва кишварӣ интихоб шаванд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала