Таҳсил дар Нидерланд осон мешавад: мулоқоти сафир бо президент

Таҳсил дар Донишгоҳи Лейден осон мешавад. Сафири Тоҷикистон дар Нидерланд Эркинхон Раҳматуллозода бо президенти Донишгоҳи Лейден дар бораи ҷудо кардани бурсияҳои таҳсил гуфтугӯ кард

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати корҳои хориҷа, сафири ҶТ дар Нидерланд Эркинхон Раҳматуллозода бо ректори Донишгоҳи Лейден профессор Карел Столкер мулоқот кард.

Ҷонибҳо масъалаи оғози ҳамкориҳоро миёни Донишгоҳи Лейден ва ниҳодҳои пажӯҳишӣ ва таълимии Тоҷикистон муҳокима карданд.

Донишҷӯёни тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Амрико донишҷӯёни Тоҷикистонро ба таҳсил даъват мекунад

Сафири тоҷик ва ректори Донишгоҳи Лейден дар бораи мубодилаи донишҷӯёну устодон ва дастрасӣ ба бурсияҳо барои таҳсил дар ин мактаби олӣ сухан гуфтанд.

Эркинхон Раҳматуллозода худи ҳамон рӯз бо директори пажӯҳишгоҳи минтақавии Донишгоҳи Лейден (The Leiden University Institute for Area Studies) профессор Франк Пайк дидор ва гуфтугӯ кард.

Ин пажӯҳишгоҳ ба омӯхтани таърих, дин, фарҳанг, забон ва вазъи минтақавии Осиё машғул аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала