20-солагии Ваҳдати миллӣ: мизи мудаввар дар Қасри фарҳанг

© SputnikОбзор на город Душанбе. Здание на фоне гор
Обзор на город Душанбе. Здание на фоне гор - Sputnik Тоҷикистон
12 июни соли 2017 дар Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ – Маркази ҷумҳуриявии эстетикии кӯдакон ва ҷавонон бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо" мизи мудаввар баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Тавре Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, меҳмонони чорабиниро, ки намояндагони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур буданд, ҳаваскорони марказ бо навозиши «Шодиёна» ва рақсҳои ҷолиби ҳунарӣ пешвоз гирифтанд. Меҳмонон инчунин бо намоиши асарҳои рассомии дастпарварони марказ шинос гардиданд.
Тарона, рақс, фейеверк: Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Душанбе таҷлил шуд - Sputnik Тоҷикистон
20-солагии Ваҳдати миллӣ: ҷашни асосӣ дар шаҳри Ваҳдат мегузарад

Сипас дар ҳолати тантанавӣ лентаи рамзии утоқи навтаъсиси кории ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ — Маркази ҷумҳуриявии эстетикии кӯдакон ва ҷавонон бо номи "Эҷодкор" бурида шуд.

Директори муассиса Раззоқов Салоҳиддин меҳмонони чорабиниро хайрамақдам намуда, мизи мудавваро ҳусни ифтитоҳ бахшид. Муҳокима ва суолу ҷавоб оид ба дастовардҳои Ваҳдати миллӣ ва зарурияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» хеле шавқовар сурат гирифтанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба 6 нафар аъзоёни ҲХДТ- кормандони муассиса шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала