Эмомалӣ Раҳмон аз Арманистон боздид хоҳад кард

Сафари расмии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Арманистон 14 - 15 июн сурат хоҳад гирифт

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Қарор аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар чорчӯби ин сафар бо раисҷумҳури Арманистон Серж Саргсян ва дигар раҳбарони он кишвар дидору гуфтугӯ кунад.

"Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати раисҷумҳури Арманистон Серж Саргсян 14 — 15 июн аз Иравон боздид хоҳад кард", — гуфта мешавад дар иттилоъияи дафтари матбуъотии раисҷумҳури Арманистон.

Қарор аст, ки дар паи ин мулоқоту музокирот чанд санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар имзо карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала