Кӯдакони муҳоҷирон II: Чӣ гуна дар Русия муҳоҷирон барои муҳоҷирон боғча “месозанд”

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкдетский сад, архивное фото
детский сад, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Онахон мехоҳад манзиле ё сохтмонеро иҷора карда кӯдакистони хусусӣ ташкил кунад ва корашро бо низом ба роҳ монад

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Соли аввал буд, ки ба Русия омада будам. Ҳамроҳ бо ду фарзанди хурдсолам ба яке аз шаҳрҳои Русия равон шудем. Ғарибие, ки шунида, вале надида будем, бар сарамон омада буд. Мушкили санадҳову иқомату иҷораву кор…

Замоне, ки дар ширкате дар Маскав истихдом шудам, мушкили дигаре пеш омад. Касе набуд, ки фарзандонамро нигаҳбонӣ кунад.

Аз Идораи омӯзишу парвариши шаҳр ёрӣ хостем. Гуфтанд, ин ҷо бояд навбат поид. Навбататон, ки расид, метавонед фарзандонатонро ба кӯдакистон во гузоред.

Ночор, дар ҷустуҷӯи кӯдакбоне шудам, вале нархашон гарон буд. Ин ҳолро доштем, ки яке гуфт, ки зане аз ҳамшаҳриҳоямон дар хонааш "кӯдакистони хусусӣ" ташкил кардаву кӯдакони муҳоҷиронро нигаҳбонӣ мекунад.

Онахон — зани 50-солаи тоҷик панҷ сол боз дар яке аз шаҳрҳои Русия зиндагӣ мекунад. Аз як сӯ зиндагӣ ӯро маҷбур карда, ки барои гузарони рӯзгор даромаде ба даст орад, аз дигар сӯ кори наве барои худ касб кардааст.

"Соли 2011 бори аввал ба Русия омадам. Дар аввал дар шаҳри бегона бисёр саргардон шудем. Баъд маҷбур нигоҳубини наберагонамро ба дӯш гирифтам. Ҳамин сабаб шуд, ки ман дар хона боғчае барои муҳоҷирон ташкил кунам", — мегӯяд вай.

Шодимурод Азизкулов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сарсониҳои як муҳоҷир дар паи эъломи авф: “наздик буд ихроҷам мекарданд...”

Онахон дар Тоҷикистон аввал дар дабиристон ва сипас дар кӯдакистон кор мекардааст. "Сарукор бо кӯдакон бароям коре нав нест", — мегӯяд ӯ.

"Пас аз фарзанддор шуданам, зиндагиам вайрон шуд. Шавҳарам хонаводаро раҳо карду рафт. Маҷбур мактабро гузошта, барои кор ба боғча гузаштам. Аз ҳамон вақт ба кӯдакон унс гирифтам", — мегӯяд Онахон.

Акнун ин модарбузурги 50-сола дар хонае, ки иҷоранишин аст, "кӯдакистони хусусӣ" ташкил кардааст. Чун барои мусоҳиба ба он ҷо рафтем, дарро писарбачаи 5-6-сола кушод ва дарҳол "ассалому алайкум" гуфта моро ба хона даъват кард. Маълум буд, ки дар ин "кӯдакистон" одобро ҳам ёд медодаанд.

Онахон моро ба ҳуҷарае дароварданд. Ҳуҷра оддӣ буд. Дар он тақрибан 6 — 7 кӯдак буд. Дар кунҷе писарбачаи хурдакаке хобида буд. Ду — се кӯдаки дигар бозӣ доштанд.

"Шароит дар Тоҷикистон, ки вазнин шуд, маҷбур хеста ин ҷо омадем. Баночор мураббии кӯдакистон шуда мондам. Тоҷикон, узбакҳо ва русҳо фарзандонашонро пешам гузошта, ба кор мераванд", — гуфт вай.

Бозор дар Душанбе, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дод аз дасти муҳоҷират: сарнавишти занони талоқшуда

Дар ҳамин ҳол духтараки хурдакаке, ки 3 — 4-сола менамуд, аз хоб бедор шуд. Назди мураббиаш омада, рӯяшро бӯсиду сипас машғул ба бозӣ шуд.

"Ин кӯдакон чунон бо ман хӯ гирифтаанд, ки гоҳе ки модарон ё падаронашон меоянд, ки хонаашон бибаранд, намеравам гуфта гиря мекунанд", — мегӯяд бо лабханд Онахон.

Ба гуфтаи вай, бори нахуст зане аз ӯ дархост карда буд, ки фарзандашро ҳамроҳ бо наберагонаш нигаҳбонӣ кунад. "Аз он пас кам-кам муштариён бештар шуданд ва хонаам "кӯдакистон" шуд. Акнун инҷо кӯдакони аз яксола то шашсола нигаҳбониву тарбия карда мешаванд", — мегӯяд вай.

Онахон барои кӯдакбонияш дар як рӯз аз ҳар хонавода 200 рубл дастмузд мегирифтааст. Афзун бар ин, хонаводаҳо хӯроки кӯдаконашонро худашон омода мекунанд.

Вай мегӯяд, дар як руз 5 бор кӯдаконро хӯрок медиҳад. Ҳар чошт онҳоро мехобонад ва барояшон китоб мехонад то хобашон бибарад. Ин бибии тоҷик мегӯяд, кӯдаконро бе шӯхӣ намешавад тасаввур кард, вале ҳарчанд асабҳояш рӯз аз рӯз хастатар мешаванд, аммо чун кӯдаконро дӯст медорад, аз кӯдакбонӣ даст намекашад ва аз дигар сӯ, он ягона даромадаш аст.

"Бояд пеш аз ҳама шиками кӯдакро сер кард. Кӯдак ки гурусна набошад, бозӣ ҳам мекунад, хоб ҳам меравад. Инҳо ба ман унс гирифтаанд. Агар ду — се рӯз касе аз онҳо наояд, пазмонаш мешавам", — мегӯяд мураббӣ.

Возвращение в Таджикистан несовершенолетних сирот - Sputnik Тоҷикистон
Кӯдакони бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан фиристода шуданд

Ба гуфтаи Она-хола, ҳоло ки дар шаҳр барои кӯдакистон навбат мепоянд, на танҳо муҳоҷирони тоҷик, балки шаҳрвандони Узбакистону Укроин ҳам кӯдаконашонро назди ӯ меоранд.

"Волидон аз мураббигии ман розианд. Кӯдакон зуд ба ман унс мегиранд. Волидон ҳам корашонро давом медиҳанд, ман ҳам ба ҳамин восита барои худ кор пайдо кардам", — мегӯяд вай.

Онахон афзуд, мехост манзиле ё сохтмонеро иҷора карда, кӯдакистони шахсӣ ташкил кунад ва корашро бо низом ба роҳ монад. Аммо чунин имконе надорад ва намедонад, ки касе дар ин замина кумакаш хоҳад кард ё на.

Аз ӯ дархост кардам, ки иҷоза диҳад аз кӯдакон як — ду акс гирам, вале розӣ нашуд.

"Монед, духтарам. Маро боз дарди сар нашавад. Вай рӯз ду — се ҳамсояамон ғур-ғур кардаанд, ки ман ин ҷо боғча ташкил кардаам. Ҳарчанд, ки аз мо ба онҳо ҳеч зараре ҳам намерасад", — гуфт зан.

Аз холаи Онахон сипосгузорӣ кардаму барояшон тавфиқ орзу кардаму аз кӯдакистоне, ки муҳоҷирон барои муҳоҷирон бар по кардаам, берун шудам.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар ҳошияи Рӯзи кӯдакон дар бораи кӯдакони муҳоҷирон матлабе навишта, пешниҳоди хонандагон карда будем.

То ҷое, ки маълумот дорем, "кӯдакистонҳои шахсии муҳоҷирон" дар Русия бисёранд. Аммо то ҳол созмони иҷтимоъие ё давлатие иқдоме накарда, ки барои муҳоҷирон кӯдакистон созад ё мушкили муҳоҷиронро осон кунад. Умедвор мешавем, ки  дар ояндаи наздик шахсони мутасаддӣ дар ин бора фикр хоҳанд кард, зеро муҳоҷирон низ дасту камар баста, барои Ватан, дур аз Ватан ва бидуни ҳеч имтиёзе кор мекунанд ва дар пешрафти Тоҷикистон, бегумон саҳми муҳоҷирон низ калон аст!

Лентаи хабарҳо
0