Садамаи аттраксион дар яке аз боғҳои шаҳри Душанбе: 10 кас маҷрӯҳ шуданд

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ба гуфтаи шоҳидон дар натиҷаи тасодум дар аттраксион беш аз 10 тан захмҳои гуногун бардоштаанд
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Тавре хабаргузории ТоҷикТа иттилоъ медиҳад, рӯзи гузашта дар натиҷаи тасодум дар боғи Рӯдакии Душанбе, ки дар назди майдони Рамзи давлатӣ ҷойгир аст, беш аз 10 тан захмӣ шуданд.
Ба гуфтаи шоҳидон, дар асари тасодум дар як аттраксион беш аз 10 тан захмҳои гуногун бардоштанд. Онҳоро бо дасту пойи шикаста ва захмҳои дигар ба бемористон интиқол додаанд.
Дар ҳоли ҳозир иллати тасодум баррасӣ мешавад, менависад манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0