Тоҷикон бояд “беҳтарин” – ро фаромӯш кунанд

Маҷлиси қонунгузори Тоҷикистон корбурди вожаҳои “беҳтарин”, “дорои кайфияти олӣ” ва “арзонтарин”-ро дар огаҳирасонии бозаргонӣ мамнуъ кард

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар ҷаласаи имрӯзи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қонун "Дар бораи реклама" ислоҳ шуд.

Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, дар муаррифии пешнависи ислоҳи қонун гуфт, ки корбурди вожаҳои "беҳтарин", "дорои кайфияти олӣ" ва "арзонтарин" рақобати фурӯшандаҳоро  носолим мекунад.

Дар Тоҷикистон барои ташвиқи нодурусти машрубот муҷозот сангинтар шуд

Маҷлиси намояндагон бо пазириши ин ислоҳот, ҷой доднаи реклама ё огаҳиҳои бозаргонӣ дар адабиёту воситаҳои таълимӣ низ мамнуъ кард.

Қаблан Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешнависи Қонун "Дар бораи реклама" тасвиб карда буд.

Бар асоси қонун, тавлидкунандагони сигору нӯшокиҳои алкулӣ аз ин пас наметавонанд сармоягузори огаҳирасонӣ ё барномаву маросиме бошанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала