Як сокини ноҳияи Мурғоб ғайриқонунӣ ғурми 200-ҳазорсомониро шикор кардааст

© Flickr / sunriseOdysseyАрхары на дороге. Архивное фото
Архары на дороге. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Як бошандаи ноҳияи Мурғоб ба иттиҳоми шикори ғайриқонунии ҷонвари камёб дастгир шудаааст

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Вазорати умури дохила гузориш дода, ки дар ноҳияи Мурғоб марде ба иттиҳоми шикори ғайриқонунии ғурм ё меши кӯҳӣ дастгир шудааст.

Бино ба иттилои вазорати дохила, ҳангоми баргузории амалиёти бозҷуст дар оғиле дар яке аз рустоҳо як адад пӯст ва шохи ин ҷонвари камёб, ки 200 ҳазор сомонӣ арзиш дорад, бозёфт ва мусодира карда шуд.

Нерӯҳои интизомӣ барои бозрасии ин қазия парванда оғоз карда ва онро бозҷӯӣ доранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала