Сарвазири Покистон аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард

© Sputnik"Дворец нации"
Дворец нации - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахуствазири Покистон Навоз Шариф моҳи июл аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Вазири обу энержии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф хабар дод, ки ҷаласаи CASA, ки бояд моҳи июл баргузор шавад, эҳтимолан зимни сафари нахуствазири Покистон Навоз Шариф дар Душанбе барпо шавад.

Бино ба иттилоъи хабаргузории Express Tribune интизор меравад, ки нахуствазири Покистон бо ҳукумати Тоҷикистон масъалаҳои энержӣ ва дифоъро муҳокима кунад.

ГРЭС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Якҷоя тақсим мекунем: Русия омода аст дар тарҳи CASA-1000 саҳм гирад

Солҳост, ки Тоҷикистону Покистон рӯи тарҳи CASA кор ҳамкорӣ доранд. Моҳҳои ахир ду кишвар дар ин росто ба муваффақиятҳо низ ноил шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки хазинаи куллии бунёди қитъаи тоҷикистонии CASA-1000 бо шумули вомҳову кумакпулиҳо аз 351 миллион доллар иборат аст. Саҳми ҳукумати ҶТ дар ин тарҳ ҳамагӣ 15 миллион доллар арзёбӣ мегардад. Қарор аст, ин тарҳи энержии минтақаӣ соли 2020 ба анҷом расад.

Арзиши куллии тарҳ беш аз 1 миллиард доллар мебошад. Иҷрои тарҳ барои Тоҷикистон 314 миллион доллар, Қирғизистон 209 миллион доллар, Афғонистон 354 миллион доллар ва Покистон 209 миллион доллар ҳазина дорад.

Сафири Тоҷикистон дар Покистон Шералӣ Ҷононов вазири обу энержии ин кишварро барои ҳамроҳӣ дар сафари Навоз Шариф, ба ТОҷикистон даъват кард. Вазири покистонӣ даъватро қабул карда, қайд намуд, ки бо ҳукумати Тоҷикистон муносиботи дуҷонибаро муҳокима хоҳад кард.

Ӯ хабар дод, ки эҳтимолан ҷаласаи CASA, ки бояд моҳи июл баргузор шавад, эҳтимолан зимни сафари нахуствазири Покистон Навоз Шариф дар Душанбе барпо шавад.

Пештар хабар дода шуд, ки вазири об ва энержии  Афғонистон хабар додааст, ки Русия хостори ширкат дар тарҳи CASA-1000 шудааст.

Лентаи хабарҳо
0